САҲМИЯИ ШУКРОНА

Январь 9, 2010 10:32

                   Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Имрӯз ба нишонии АМИТ «Ховар» аз хориҷи мамлакат ба воситаи почтаи электронӣ мактуб омад, ки дар он чунин навишта шудааст: «Ман, Шукронаи Убайдулло, 13 сола, зодаи ноҳияи Ваҳдат. Ба ҳукми тақдир имрӯзҳо ҳамроҳи волидайн дар шаҳри Қоҳираи Мисри Араб зиндагӣ мекунам. Ҳоло толибаи синфи 6 мактаби махсуси Азҳари шариф мебошам ва дар асоси забони арабӣ дарс мехонам.                 Муроҷиатномаи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони ҳашар барои сохтмони НБО — и Роғун маро низ ба ваҷд овард. Хостам дар ин ҳашар иштирок кунам. Ман бо худ 125 ҷунайҳи мисрӣ (баробар ба 100 сомонӣ) доштам, ки онро аз оғози соли таҳсили ҷорӣ аз ҳисоби пулҳое, ки волидайнам барои сарф дар мактаб медоданд, пасандоз карда будам. Ман ин маблағро имрӯз ба Тоҷикистон ба хешовандонам фиристодам, то бароям як дона саҳмия бо арзиши 100 сомонӣ бихаранд.                 Ман шодам, ки дар қатори дигар ҳамдиёрони худ дар бинои ин иншооти азим барои ояндаи дурахшони миллатам саҳм мегузорам. Бо эҳтиром Шукрона».                  Тавре ки ба мо аз Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» иттилоъ доданд, харидории саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ идома дорад.

Январь 9, 2010 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад