САФАРИ РӮЗНОМАНИГОРОНИ ТОҶИК БА ЭРОН
Душанбе, 8 январ.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).-Гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷик, ки аз роҳбарону сармуҳаррирони хабаргузориҳои миллӣ ва мустақили Тоҷикистон ба мисли «АМИТ «Ховар», «Азия Плюс», Радиои Тоҷикистон, шабакаҳои телевизионӣ ва ҳафтаномаи «Чархи гардун» иборат аст, 8 январ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд. Сафари намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба Эрон аз ҷониби намояндагии Кумитаи байналмилалии ба номи имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт. Муддати як ҳафта рӯзноманигорони тоҷик бо вазъи васоити ахбори ин кишвар ошно гардида, бо ҳамкасбони эронии худ дидору мулоқот менамоянд. Инчунин, аз шаҳрҳои Теҳрону Машҳад ва Шероз боздид намуда, бо ёдгориҳои қадимаю таърихии ин кишвар ошно мегарданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






