ВАЗЪИЯТИ АФҒОНИСТОН МУТАШАННИҶ БОҚӢ МЕМОНАД
Ню — Йорк, 6 января. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). — Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун зимни суханрониаш дар маҷлиси Шӯрои амният вобаста ба ноором ва муташанниҷ гардидани вазъияти Афғонистон тӯли рӯзҳои охир изҳори ташвиш намуд. Ба қавли ӯ сабаби муташанниҷ гардидани вазъияти Афғонистон ва ҳараҷу мараҷи сиёсӣ дар ин мамлакат самараи дилхоҳ надодани тадбирҳои ҳукумат ва норасоиҳои фаъолияти ҷузъу томҳои низомии хориҷӣ мебошад. Пан Ги Мун ба ҳайати қумондонии нерӯҳои эътилофии ҳарбии хориҷӣ тавсия дод, ки барои ба роҳ андохтани хамкории қувваҳои гуногуни сиёсӣ бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумлаи мансабдорони мулкӣ як нафар шахси мӯътабарро вакил таъин намояд. Қайд карда шуд, ки агар бо мақсади беҳтар сохтани шароити сиёсӣи Афғонистон чорае андешида нашавад, вазъият аз зери назорат хориҷ хоҳад гашт. Дирӯз сардори ситоди разведкаи ҳарбии қувваҳои эътилофии Афғонистон, генерали амрикоӣ Майкл Флин амалиёти хадамоти махсуси Амрико ва мамлакатҳои дигарро дар ин ҷо ҳадафи танқид қарор дод. Ба қавли ӯ фаъолияти хадамоти махсуси хориҷӣ дар Афғонистон ба вазифаҳои муқарраршуда мувофиқат намекунанд. Зикр карда шуд, ки чанд рӯз пеш дар вулусволии Хӯст дар натиҷаи таркиши шадид 8 нафар корманди Раёсати марказии разведкаи Амрико ба ҳалокат расид. Ба қавли шореҳон, дар таркиши мазкур намояндагони хадамоти махсуси мамлакатҳои дигар даст доранд. Аксарияти муҳаққиқони мамлакатҳои Ғарб чунин мешуморанд, ки вазъияти муташанниҷи Афғонистон натиҷаи тӯл кашидани маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҷанҷолу муноқиша дар ҷараёни интихоботи президент мебошад. Чанд рӯз пеш парлумони Афғонистон 17 нафар номзади ба вазоратҳои гуногун пешниҳоднамудаи президенти Афғонистонро рад намуд. Ин чунин маъно дорад, ки ташкили ҳукумати нави мамлакат муддати тӯлонӣ давом хоҳад кард. Дар натиҷа барои мӯътадил сохтани вазъият ва ҳалли масъалаҳои амният чорае андешида нахоҳад шуд.








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






