ВИЛОЯТИ СУҒД: 1504 МАҲКУМШУДАГОН АВФ ШУДАНД
Хуҷанд, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» дар вилояти Суғд 1504 нафар маҳкумшудагон аз адои ҷазо озод шуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» ёрдамчии калони прокурори вилоят Исохоҷа Тошхоҷаев хабар дод. Мувофиқи гуфти саршашмат хабар, то 20 декабри соли 2009 тибқи қонуни номбурда аз тарафи мақомоти тафтишот 115 нафар ва аз тарафи мақомоти судӣ 237 нафар авф карда шуданд. Дар муассисаҳои корҳои ислоҳии вилоят қонуни номбурда нисбат ба 1504 нафар татбиқ гардид. Аз ин ҳисоб 228 нафар маҳкумшудагон пурра ба озодӣ баромаданд, нисбат ба 816 нафар маҳбусон муҳлати ҷазо кам карда шудааст. Хамчунин, тибқи ин Қонун 471 нафар аз дигар намудхои ҷазои ғайриҳабсӣ озод шуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






