ВУСЪАТИ ФАРОГИРИИ ПАХШИ БАРНОМАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

Январь 22, 2010 10:31

                    Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Дар давоми соли 2009 таҷҳизоти радиорелеии Душанбе — Хуҷанд — Айнӣ — Панҷакент бо гузаронидан ба таҷҳизоти рақамӣ таҷдид карда шуд. Навсозии шабакаи дохили вилоятии хатҳои радиорелеии Хуҷанд-Нефтобод, Ашти Поён — Шўроб бо васли таҷҳизоти рақамӣ анҷом ёфт.                     Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, ки бо ширкати ZTI — и Ҷумҳурии Халқии Чин оид ба таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаи “Таҷдид” созишнома ба имзо расонида шуд, ки тибқи он хатҳои радиорелеӣ аз шаҳри Душанбе ба самтҳои Ҷануб, Шарқ ва Ғарби ҷумҳурӣ бо гузаронидан ба таҷҳизоти рақамӣ нав карда хоҳанд шуд. Корҳо доир ба амалӣ намудани ин лоиҳа айни замон оғоз шудаанд. Аз ҷумла, корҳо дар самти Душанбе — Кўлоб — Ховалинг бо ҷудо кардани хат ба Қабодиён — Шаҳритус; Душанбе — Ғарм — Ҷиргатол бо ҷудо кардани хат ба Норак — Шар -Шар – Ёвон ва Душанбе — Хонақоҳ — Турсунзода.                     Мавриди зикр аст, ки барои пахши барномаҳои ТВ “Суғд”, ТВ “Хатлон” ва ТВ “Бадахшон” шабакаҳои дохиливилоятӣ ташкил ва фиристандаҳои телевизионии нави транзисторӣ ва таҷҳизоти радиорелеӣ насб карда шуданд.                         Гуфтанист, ки то охири соли 2009 бо насби 85 адад фиристандаи телевизионӣ фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо барномаҳои телевизионӣ — ТВ «Шабакаи аввал» — 99,71%; ТВ «Сафина» — 77,4%; ТВ «Баҳористон — 72,05%; ТВ «Ҷаҳоннамо» — 75, 78%-ро ташкил намуд. 

Январь 22, 2010 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад