ЗАҲРОЛУДШАВӢ АЗ ДУДИ ҒАЛИЗ

Январь 8, 2010 16:04

                  Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 28 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии умумии 63 ҳазору 290 сомонӣ ба қайд гирифта шуд.                   Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев, масоҳати умумии сӯхторҳо 714 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – оташбозии кўдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд.                   Ҳамин тавр, 7 январи соли равон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе далели сӯхтор ба қайд гирифта шуд.                   Алангаи оташ дар масоҳати 40 метри мураббаъ болопӯши хонаро нобуд гардонид. Бо қабули бонги хатар 2 адад автомашинаи оташнишонон ба зудӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, бо истифодаи автомашинаҳои махсус сӯхторро ба пуррагӣ хомӯш намуданд.                   Дар ҷои ҳодиса соҳибхона Николай Мурашкини 52 сола бо роҳи заҳролудшавии аз дуди ғализ ба ҳалокат расид. Зарари аз сўхтори ба амал омада маблағи 18 ҳазор сомониро дарбар мегирад. Сабаби он аз ҷониби кормандони бахши ташхисӣ муайян карда мешавад.  

Январь 8, 2010 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад