ЗИЛЗИЛАИ НАВ ДАР ГАИТИ
Порто — Пренса, 21 январ. (АМИТ «Ховар» — ИТАС ТАСС). — Субҳи дирӯз дар Гаити боз замин сахт ҷунбид. Қувваи он аз рӯи ҷадвали Рихтер ба 6 балл баробар буд. Дар ин бора муассисаҳои зилзиласанҷии ИМА хабар доданд. Маркази зилзила дар масофаи 56 километрии самти шимолу ғарбии пойтахти мамлакат — шаҳри Порто – Пренса воқеъ буд. Хабар дода мешавад, ки одамон аз зилзилаи нав ба воҳима афтода, тамоми рӯзро дар кӯча гузарониданд. Дар бораи зарари зилзилаи такрорӣ ягон хабар нарасидааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






