ҒАЛАБАИ ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК

Февраль 19, 2010 10:46

Душанбе,  19  феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). – Дастаи  мунтахаби  футболбозони  Тоҷикистон  дирӯз  дар Шри –Ланка бо  дастаи  мунтахаби  Бангладеш  қувваозмоӣ  карда,  бо  ҳисоби  3 : 1 ғалаба  ба  даст овард. Сармураббии   даста  Пӯлод  Қодиров   аз  ғалабаи  шогирдонаш  изҳори  қаноатмандӣ  намуд. Тавре  ки  маълум  аст,  футболбозони тоҷик  қувваозмоии  нахустинро   дар  доираи  мусобиқаи  байналмилалӣ  барои  ба даст  овардани Ҷоми  имтиёзи  Конфедератсияи  футболи  Осиё  бохта буданд.  П.Қодиров  зикр  намуд, ки   сабаби  нокомии  футболбозони тоҷик дар  қувваозмоии  нахустин  борони  шадид  буд.  Вай  зикр  намуд, ки  футболбозон  ҳамагӣ  як  рӯз  пеш  аз  оғози  мусобиқа ба  Коломбо  омада буданд. Акнун  онҳо  ба  шароити  маҳал  мутобиқ  гардида,   маҳорати  худро  намоиш  медиҳанд. Сармураббии  дастаи  мунтахаби  Шри – Ланка  Муҳаммад  Аминулло низ  ба  маҳорати  футболбозони тоҷик баҳои баланд  дод. Хабар  дода  мешавад, ки  дирӯз  дастаи  мунтахаби  Мянма  низ  дар  мусобиқа  бо  ҳисоби  2 : 1  ғалаба ба  даст  овард. Дар  гурӯҳи  «А»  дастаи  мунтахаби Бирма  пешсаф  мебошад.  20  феврал  дастаҳои  мунтахаби  Тоҷикистону  Мянма  ва Бангладешу Шри – Ланка қувваозмоӣ  хоҳанд  кард.

Февраль 19, 2010 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад