ҲАҶМИ МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ДОХИЛӢ ДАР МОҲИ ЯНВАР

Февраль 26, 2010 15:08

Душанбе,  26  феврал. (АМИТ «Ховар»,  Покиза  Маҳмадбекова). —  Аз  рӯи  маълумоти  Кумитаи давлатии  омори  ҷумҳурӣ   моҳи  январ  ба  маблағи  бештар  аз  як  миллиард  сомонӣ  маҳсулоти  умумии  дохилӣ  истеҳсол  карда  шуд, ки  нисбат  ба  нархҳои  муқоисавии  соли  2009 – ум  104, 2  фоизро ташкил  медиҳад. Моҳи  январи  соли  равон  дар  мамлакат ба  маблағи  571,3  миллион  сомонӣ   маҳсулоти  саноат  истеҳсол  карда шуд. Ин  нисбат ба ҳаҷми  умумии  истеҳсоли  маҳсулоти  саноат  дар  моҳи  январи  соли  2009 — ум 103,2  фоизро ташкил  медиҳад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад,  ки  корхонаҳои  вазорати  энергетика  ва  саноати  ҷумҳурӣ  моҳи  январ  ба  маблағи  150,9  миллион  сомонӣ  маҳсулот  истеҳсол  намуданд. Ин  нисбат ба  ҳамин  давраи  соли  гузашта 15,6  фоиз  зиёд  мебошад.   Корхонаҳои  коркарди  пахта  дар ин  давра  ба  маблағи  62,8  миллион  сомонӣ маҳсулот  бароварданд, ки   аз  соли  гузашта 15,1  фоиз  зиёд  аст. Корхонаҳое, ки  ба   вазорату  идораҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тобеъ  нестанд,  моҳи  январи  соли  2010  ба  маблағи 239,9  миллион  сомонӣ  маҳсулоти  саноат   истеҳсол  намуданд. Ин  нисбат ба  моҳи  январи  соли 2009 – ум  1  фоиз  зиёд  мебошад.

Февраль 26, 2010 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд