ҲАЙАТИ ФОНДИ БАЙНИДАВЛАТИИ ҲАМКОРИИ ГУМАНИТАРИИ ИДМ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Февраль 15, 2010 11:46

Душанбе,  15  феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). –  Ҳайати  намояндагони  Фонди   байнидавлатии  ҳамкории  гуманитарии   давлатҳои  ИДМ  таҳти роҳбарии   директори  фонд  Армен  Смбатян  16  феврал  барои  боздиди  дурӯза  ба  Душанбе  меояд.  Ба  ҳайат  инчунин   кормандони  «ТВ Центр» ва  нашрияи «Независимая  газета»  шомиланд. Меҳмонон  зимни  сафар   бо  Сарвазири  ҷумҳурӣ  Оқил  Оқилов,  муовини он  Руқия  Қурбонова,  мушовири давлатии  Президенти  ҷумҳурӣ,  узви  Шӯрои   ҳамкории   гуманитарии  мамлакатҳои  ИДМ Саймурод  Фаттоев  ва роҳбарияти  Вазорати  маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқот  мекунанд. Зимни  сафар  ба мактаб – интернати нобиноёни  ноҳияи  Ҳисор   кӯмаки башардӯстона  супурда  хоҳад  шуд. Ҳайат  инчунин  ба  Китобхонаи  миллии  ба  номи  Абулқосим  Фирдавсӣ  китобҳоеро  тӯҳфа  хоҳад  кард, ки  бо  дастгирии  молиявии  фонд  чоп  шудаанд.  

Февраль 15, 2010 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад