ҲАЙАТИ НАССОҶОНИ ТОҶИК БА ФАРОНСА РАФТ
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайате аз намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба Фаронса сафар карданд. Тибқи иттилои мушовири миллӣ дар масоили тамос бо ҷомеа, Лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», Маркази байнулмилалии тиҷорат Абдулфаттоҳ Шафиев сафари ҳайати Тоҷикистон ба Париж аз 8-ум то 12-уми феврал сурат гирифта, ҳадафи аслии сафар омӯзиши бозори ҷаҳонии либос мебошад. Дар ин сафар, интизор меравад, ҳайъати Тоҷикистон бо талаботи калидии бозори ҷаҳонӣ дар мавриди сифати маҳсулот ва тавлидкунандагони он ошно шуда, таҷрибаи андӯхтаи худро дар корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон ҷорӣ созанд. Дар Париж намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз ду намоишгоҳи байналмилалӣ- «Ҷаҳони нассоҷӣ» (Texworld), (намоишгоҳи матоъ, лавозимот ва манбаъҳои таҳвили маҳсулот), «Премйер Вижн Плуриел» (Premier Vision Pluriel), ки дар он навъҳои муосири мӯди либосҳо ба намоиш гузошта шудаанд, боздид менамоянд. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад. Роҳбари дафтари МБТ дар Тоҷикистон, Сайидмуъмин Камолов дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ин нахустин сафари ҳайат аз Тоҷикистон ба намоишгоҳҳои мазкур аст. Ин сафар барои нассоҷону дӯзандагони тоҷик имкони хуберро ҷиҳати шиносоӣ бо олами мӯди Фаронса, интихоби навъи матоъҳо, қиёси арзиши сифати маҳсулот ва барқарор кардани робитаҳои тиҷоратиро бо ҳамкасбони фаронсавии худ фароҳам меорад. Ҳайати намояндагони Тоҷикистон аз маҳаллаҳои маъруфи Париж, бахусус кӯчаҳои мӯди ин кишвар боздид менамоянд. Ҳадафи умумии Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсозии содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар мебошад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






