ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН БА КИЕВ РАФТ
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунии президенти Украина Виктор Янукович иштирок менамояд. Маросими мазкур пагоҳ 25 феврал дар пойтахти Украина — шаҳри Киев баргузор мегардад. Дар маросими ботантанаи савгандёдкуни президенти Украина ҳайати сад мамлакати хориҷӣ ширкат меварзанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ба ҳайати Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов роҳбарӣ мекунад. Ҳайат субҳи имрӯз ба Маскав рафт. Намояндагони Тоҷикистон бегоҳии 24 феврал ба пойтахти Украина – Киев мераванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






