ҲУҶУМИ ҒОРАТГАРОНА БА ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН

Февраль 1, 2010 16:38

 Душанбе,   1  феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Шаҳрванди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Раҳмонқул  Саломов, ки  дар  вилояти  Маскав  кору  зиндагӣ  мекунад,  ба   намояндагии  Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  масъалаҳои  муҳоҷират  дар  Федератсияи  Русия  муроҷиат  карда,  хоҳиш  намуд, ки  ба ӯ  ёрии  хуқуқӣ  расонанд. Тавре   муқаррар  карда шуд, шаби  8  январи  соли  2010  се  нафар  шахси  номаълум   ба  хонаи  истиқоматии  Р.Саломов, ки  дар  кӯчаи  Советскаяи  деҳкадаи  Хлебниковои   шаҳри  Долгопруднии   вилояти  Маскав  воқеъ  аст,  бо  роҳи  шикастани  дари  он  зада  даромада,  худро   кормандони   муассисаи  муҳоҷират  номида, талаб  карданд, ки  ба онҳо  пул  диҳад. Ғоратгарон  Р.Саломовро   лату  кӯб карда,  ба   сар, рӯй,  китфи  чап  ва  пои чапаш бо  корд  якчанд  зарба  заданд.  Онҳо  тамоми  асбобу  анҷоми  қиматбаҳои  дар хона буда,  инчунин  132 ҳазор  рубл,  ҳуҷҷатҳои  соҳиби  хона  ва  шиносномаи  хеши  ӯ — шаҳрванди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Шомурод Мӯъминовро  бо  зӯрӣ  кашида  гирифта, атрофи хонаро  бензин  рехта,  худи  Р.Саломовро  дар  дохили он  маҳкам  карда, оташ  заданд  ва  ба  мошини  сабукрави «Жигули»  савор  шуда,  ба тарафи  номаълум  ғайб  заданд. Ба  Р.Саломов  муяссар  гардид, ки  аз  хонаи оташгирифта,  баромада  ба  шифохонаи  маҳаллӣ  равад,  вале  кормандони  шифохона  ба  ӯ  кӯмаки  аввалини  тиббӣ  нарасонданд. Р.Саломов  танҳо  баъди  дахолати  кормандони  Намояндагии  ВКД Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  ва  сӯҳбати онҳо  бо  мақомоти  салоҳиятдори  шаҳри Долгопрудний бо  мушоияти   корманди  намояндагӣ,  капитани  милиса  Акмал  Махсумов   ба  шӯъбаи шикастабандии  шифохонаи  клиникии шаҳри Долгопрудний  қабул  карда шуд. Котиби  матбуоти  Намояндагии  ВКД  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  Дилбар  Хоҷаева  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки Р.Саломов  айни  ҳол  аз  шифохона  ҷавоб  шудааст. Аз рӯи  ин  воқеа   нисбати яке  аз шахсони  дар  содир  кардани  ҷинояти  мазкур  гумонбар, шаҳрванди  Федератсияи  Русия Александр  Машинин парвандаи  ҷиноӣ  кушода  шуд. Воқеаро  шӯъбаи  тафтишоти  ШКД шаҳри  Долгопрудний  тафтиш  менамояд. 

Февраль 1, 2010 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад