ҲУКУМАТИ ҶОПОН ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИКИСТОНРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЯД
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ « Ховар» хабар доданд, 4 феврали соли 2010 Йошихиро Накаяма, Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳамрохон Зарифӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба Лоиҳаи истифодаи нерӯи тозаи экологӣ дар Тоҷикистон барои истеҳсоли нерӯи барқ тавассути системаи панелҳои офтобӣ дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон баҳри ҳифзи муҳити зист ва пешгирии тағйири иқлим табодули Ёддоштҳо намуданд. Барномаи кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон барои ҳифзи муҳити зист ва пешгирии тағйироти иқлим яке аз бахшҳои механизми “Ҳамкорӣ баҳри замини сард” мебошад. Соли 2008 Ҳукумати Ҷопон роҷеъ ба ин шакли нави молиявӣ ҳамчун як навъи кӯмак ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ эълом дошт, ки ин кишварҳо барои афзоиши рушди иқтисодӣ ва ҳамзамон боз ҳам пурсамар гардонидани энергетика, нерӯи барқи тозаро истифода бурда бо ҳамин тартиб ба кам шудани партовҳои газҳои гармселӣ ба фазо мусоидат мекунанд. Гузашта аз ин, тарҳи мазкур кишварҳои рӯ ба тараққиро дар бар мегирад, ки онҳо зери таъсири пайомадҳои манфии тағйироти иқлим буда барои мулоим кардани таъсир ва мутобиқ шудан ба тағйироти иқлим чораҳо меандешанд. Дар асоси натоиҷи назарраси таҳқиқотҳое, ки аз тарафи Ҷопон баргузор шуданд ва машваратҳо бо мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой доштанд, Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифт, ки 450 миллион иенаро (тақрибан 5 миллион доллари ИМА) баҳри амалӣ намудани Лоиҳаи истифодаи нерӯи тозаи экологӣ дар Тоҷикистон барои истеҳсоли нерӯи барқ тавассути системаи панелҳои офтобӣ ҷудо намояд. Лоиҳаи мазкур, дар фосилаи камтар аз як сол, таъмин ва насб кардани таҷҳизоти системаи фотоэлектрикӣ дар Маркази миллии тибии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқтидори 110 кВт) ва дар Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистонро (бо иқтидори 30 кВт) дар бар мегирад. Инҳо яке аз сохторҳои бузурги мақомоти тиббӣ на танҳо дар Душанбе, балки дар сатҳи ҷумҳурӣ ба шумор мераванд. Панелҳои насбшавандаи офтобӣ имкон медиҳанд, ки мақомоти тиббии мазкур ҳар чӣ бештар бо сарчашмаи нерӯи тозаи экологӣ ва сарфа намудани масрафҳои барқӣ ва истифодаи васеъи манбаъҳои барқароршавандаи нерӯи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гарданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






