ҶАЪФАРХОН ДАСТ АФТОД

Февраль 24, 2010 16:04

Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, аз ҷониби кормандони раёсати мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД ҶТ дар вақти гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҷаъфархон Ҳомидов, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ ҷамоати Роҳатӣ  бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ ба миқдори 1 кг 922 гр маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд. Мувофиқи ташхиси криминалистӣ маводи дарёфтшуда навъи героин мебошад. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Февраль 24, 2010 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад