ҶАЛАСА ДАР КУМИТАИ ИСТИЛОҲОТ ВА ЗАБОН

Февраль 12, 2010 16:37

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Дар доираи ҳамкориҳои тарафайн дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони  Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Комиссари Олӣ дар умури ақаллиятҳои миллӣ ва кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид. Мавзӯи асосии ҷаласа «Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва САҲА доир ба татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши забонҳо» буд. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Додихудо Саймиддинов ҳусни оғоз бахшид. Сипас, дар назди ҳозирин Димитрий Алешкеевич мушовир оид ба масоили сиёсии Комиссари Олии САҲА дар умури ақаллиятҳои миллӣ, Кшиштоф  Дрезевиски – сармушовири ҳуқуқии КОУАМ САҲА дар мавзӯи «Шарҳи расмии қонунгузории забонҳо ҳамчун воситаи сиёсат дар бораи забон: мақсад, сохтор, таҷрибаи байналмиллалӣ», Кристиан Кнуст- корманд оид ба лоиҳаҳои  КОУАМ САҲА дар мавзӯи фаъолияти лоиҳавии КОУАМ оид ба дастгирии мувозинати сиёсат дар бораи забон: таҷриба ва дурнамо, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Татбиқи сиёсат дар бораи забон дар Тоҷикистон: имконият ва эҳтиёҷоти Тоҷикистон» суханронӣ намуданд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои татбиқи босамари он бо пешниҳоди Президенти  кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳот ташкил ёфт. Таъсиси ин Кумита бешубҳа барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақши муассир хоҳад бозид. 

Февраль 12, 2010 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад