ҶАМЪИЯТҲОИ МИЛЛӢ САҲМИЯҲОИ РОҒУНРО МЕХАРАНД
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ҷамъияти тоторҳои сокини Тоҷикистон – «Умет» дар маҷлиси навбатии худ қарор дод, ки саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро харидорӣ кунад. Аъзои ҷамъияти мазкур Мухлиса Минғозова, Ляля Латипова ва Фариза Сирумова аввалин шуда, ба маблағи 1100 сомонӣ саҳмия хариданд. Ҷамъияти тоторҳои сокини Тоҷикистон ба қарибӣ дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд. Аъзои ҷамъият дар ин муддати кӯтоҳ тадбирҳои гуногунро амалӣ сохтанд. Аз ҷумла, дар мавзӯи «Таърих ва аҳамияти эҷодиёти Саид Қулшариф» машварат гузаронида, бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия таҳсил мекунанд мулоқот ташкил карда шуд. Раиси ҷамъият Ренат Сайфиддинов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки имсол бахшида ба 65 – солагии ғалабаи халқҳои шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тадбирҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, барои поси хотири Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, шоири бузурги тотор Мӯсо Ҷалил шабнишинӣ ташкил карда хоҳад шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






