1671 ҲОЛАТИ СОХТАКОРӢ ОШКОР ГАРДИД
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар рафти тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Маркази саломатии рақами 10 – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муайян карда шудааст, ки аз тарафи сармуҳосиби муассисаи мазкур Шарифқул Муминов дар феҳрастҳои музди меҳнат, пардохти мукофотпулиҳо, аз эътибор ғайриқонунӣ соқит кардани маблағ дар 1671 ҳолат ба сохтакорӣ роҳ додааст. Зарари умумии молиявӣ, ки Ш. Муминов ба Маркази саломатӣ расонидааст 146 ҳазору 274 сомониро ташкил додаст. Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва коррупсияи шаҳри Душанбе нисбати Ш.Муминов бо моддаи 245 қ.4 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) – и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот мебарад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






