АМОНАТБОНК: ФУРӮШИ САҲМИЯҲО ИДОМА ДОРАД

Февраль 23, 2010 10:29

Душанбе, 23 февраля. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз оғози фурўши саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» то имрӯз 48 рӯз сипарӣ шуд. Тамоми мардуми шарафманди тоҷик чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ҳиммату матонат ва ҳисси ватандории худро нишон дода, саҳми худро ба сохтмони ин иншооти тақдирсоз сарбаландона мегузоранд. Аз нахустин рӯзи ҷойгиркунӣ ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои мазкур то имрӯз, тамоми 5 бахш, 70 шўъба ва 506 оҷонсии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  барои фурўши саҳмияҳо тамоми  имкониятҳои худро баҳри дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабинии номбурда, сарф менамоянд. Мувофиқи иттилоъи хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» то 22 феврали соли 2010 тавассути муассисаҳои бонк ба маблағи 388 миллиону 721 ҳазору 500 сомонӣ саҳмияҳо фурӯхта шуда,  ба миқдори 379 миллиону 648 ҳазору 375 сомонӣ ба суратҳисобҳои дар Вазорати молияи ҶТ будаи ҶСК «НБО Роғун» ирсол  гардиданд. Фурӯши саҳмияҳо дар муассисаҳои бонк ҳамаҷониба идома ёфта, роҳбарият ва мутахассисин баҳри боз ҳам дар сатҳи баландтар доир намудани чорабинии мазкур, кўшишу заҳмати зиёд  ба харҷ медиҳанд.    

Февраль 23, 2010 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад