АВТОБУС БО МОНИТОР

Февраль 9, 2010 11:55

Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Онҳое, ки аз нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ истифода мекунанд, бо навгониҳои КВД шаҳрӣ «Автобус — 1» ошноянд,- иброз дошт роҳбари корхонаи мазкур Фирдавс Саидов. Дар корхона бо тарзи таҷрибавӣ аллакай дар 10 автобус монитор бо роликҳои рекламавӣ дар чанд хатсайр ҳаракат мекунанд. Дар сурати пайдо шудани рекламадиҳандагон фирмаи насбкунандаи монитор метавонад то 100 автобусро бо ин навъи техника таъмин  кунад. Инро як навъи рушди техникаи муосир дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ донистан мумкин. Тавассути он шаҳрвандони пойтахт бо беҳтарин дастовардҳои пойтахт, пайдо кардани ҷойҳои нави корӣ дар корхонаю ташкилот ва баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ ошно хоҳанд шуд. Мо мехоҳем чунин роликҳо аз ҷониби ташкилотҳои сайёҳию туристӣ, ки кишвари афсонавии моро метавонанд ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ кунанд бештар бошанд ва мо омодаем барои сайёҳони хориҷӣ автобусҳои монитордор бо  роликҳои беҳтарин аз ҳаёти хоҷагию давлатӣ, сайёҳию фарҳангии кишвар ҷудо намоем,- гуфт Ф.Саидов.  

Февраль 9, 2010 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад