АЗ ТАРМА ЭҲТИЁТ ШАВЕД
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Аз Вазорати нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар натиҷаи бориши барфи зиёд дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд хавфи фуромадани тарма боқӣ мемонад. Мудири шӯъбаи вазорат Владимир Багуманов хабар дод, ки дар давоми ду шабонарӯзи охир аз мавзеи Майхӯра сар карда, то даромадгоҳи туннели «Истиқлол» дар бештар аз даҳ ҷой тарма фуромадааст. Бинобар ин роҳи мазкур барои рафту омади нақлиёт бастааст. В.Багуманов афзуд, ки ҳавошиносон рӯзҳои оянда гарм шудани ҳаво ва боридани боронро пешгӯӣ мекунанд. Дар натиҷа хавфи фуромадани тарма дар роҳҳои кӯҳистон бештар мегардад. Аз рӯи маълумоти мутахассисони вазорат, барои тоза кардани роҳи мошингарди ағбаи Анзоб техникаи зиёд сафарбар карда шудааст, вале вазъи ҳаво ба кори роҳсозон халал мерасонад. Аз ин рӯ мусофирон ва ронандагон даъват карда мешаванд, ки зимни сафар ҳушёриро аз даст надода, беҳтараш дар давоми ҳафтаи оянда аз сафари роҳҳои кӯҳистон худдорӣ кунанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






