БАҲСИ СОХТМОНИ ТЕРМИНАЛ
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Коршиносони техникӣ — муҳандисии Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтмони терминали нави хизматрасонии майдони ҳавоии пойтахт ҳафтаи дуюм аст, ки сари масъалаи сохтмон баҳс доранд. Коршиносони Фаронса барои сохтмони терминал бетони маркаи 350 ва коршиносони тоҷик бетони маркаи 250 – ро мувофик медонанд. Ба андешаи коршиносони тоҷик маркаи пешниҳодкардаи онҳо дар тамоми иншооти сохтмонии шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳои атрофии он аз санҷиш ба хубӣ гузашта, барои сохтмони минбаъда ҳам тавсия шудааст. Ба муколамаи коршиносон нигоҳ накарда, роҳбарияти майдони ҳавоӣ барои дар арафаи истиқлолияти ҷумҳурӣ ба истифода додани терминали нави майдони ҳавоӣ боварӣ доранд. Маблағи сохтмонии терминали мусофиркашонии майдони ҳавоии пойтахт 27, 5 млн. евро пебинӣ шудааст, ки 20 милиони онро давлати Фаронса ва 7, 5 млн. – ро Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мекунад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






