БА АДИБОН МУКОФОТҲО СУПУРДА ШУД

Февраль 2, 2010 16:29

Қӯрғонтеппа, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Мурод  Сотиев). – Дар шаҳри Қӯргонтеппа ба шоир ва нависандагон барои беҳтарин асарҳои офарида мукофотҳо супурда шуд. Соли 2009 тибқи қарори раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов бо мақсади дастгирии аҳли қалам ва баланд бардоштани сатҳи ғоявӣ ва эҷодии аҳли қалами вилоят ҷоизаҳои ба номи Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳин таъсис дода шуда буд. Бояд қайд кард, ки дар ин муддат аҳли қалами вилоят баҳри баланд бардоштани фарҳанги кӯҳан асарҳои зиёде эъчод кардаанд. Дар асоси хулосаи хакамон нависанда Саид Раҳмон барои асари «Масъуди сипаҳсолор» дар соҳаи насри адабӣ сазовори мукофоти ба номи Носири Хусрав гардид. Шоири Хатлонӣ Усмон Билолӣ бошад барои маҷмӯаи «Сад шукри Рӯдакӣ» дар соҳаи назм сазовори ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин гаштанд.  

Февраль 2, 2010 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад