БАРҚИЯИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҲМУДИ АҲМАДИНАЖОД
11 феврали соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, омадааст: Солгарди ҷашни инқилоби исломии Эрон имконеро фароҳам сохтааст, то Ҷаноби Олӣ ва мардуми бародари Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ин муносибати таърихӣ табрику таҳният гўям. Пайвандҳои қавии таърихӣ ва фарҳангии мо аз муҳимтарин омилҳои рушду густариши сареъи муносибатҳои ду кишвари дўст дар замони истиқлоли Тоҷикистон гардиданд. Ва ман бо камоли мамнуният зикр карданиам, ки нумуъ ва равнақи ин муносибот дар тамоми заминаву соҳаҳо ҳадафи муштараки мост. Нишонаи возеҳи ҳамкориҳои муваффақонаи Тоҷикистону Эрон, ки имрўз сатҳи баланд касб кардаанд, сафари ба наздикӣ анҷомдодаи Шумо ба Тоҷикистон аст, ки он тавсеаи уфуқҳои дурнамои беҳтару хубтари муносиботи ду кишвари бародарро аён сохт. Умедворам, ки тавофуқоти ҳангоми сафар ба даст омада комилан амалӣ гардида, намунаи дигаре аз баракати ҳамкориҳои мо хоҳад гардид. Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ва бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирўзиҳои навин, ба мардуми дўсти Эрон – хушрўзӣ, сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






