БЕМОРИИ НАВИ ЗУКОМИ ХУК ПЕШГӮӢ МЕШАВАД
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо дастгирии ташкилоти байналмилалии тандурустӣ (ВОЗ) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 ҳазор бастаи доруи «Тамифлю» барои пешгирӣ ва табобати бемории «зукоми хук» A/H1N1 ворид карда шуд,- иброз доштанд дар Вазорати тандурустӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, маблағи умумии кӯмак 575 ҳазор доллари амрикоиро ташкил мекунад. Рӯзҳои наздик дору ба ҳамаи беморхонаҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқол дода мешавад. Дар навбати аввал аз он гурӯҳи бештар нозук — кӯдакони навзод, занони ҳомила ва одамони калонсол ба таври ройгон истифода мекунанд. Дар назар аст, ки ташкилоти байналмилалии тандурустӣ (ВОЗ) боз 800 ҳазор воя «Тамифлю» — ро вориди Тоҷикистон менамояд. Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ 19 нафар ба ин беморӣ гирифтор гардид, ки ҳамаи онҳо табобат ёфтанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






