БОЗДИДИ САРВАЗИР АЗ СОХТМОНИ НБО «РОҒУН»

Февраль 23, 2010 16:45

Душанбе,  23  феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Ҳайати  ҳукуматии  ҷумҳурӣ  таҳти роҳбарии  Сарвазири  мамлакат  Оқил  Оқилов  имрӯз  ба  майдони  сохтмони  Нерӯгоҳи барқии  обии  «Роғун»  рафт. Ҳадафи  асосии  сафари  ҳайат  шиносоӣ  бо  ҷараёни  сохтмони  нерӯгоҳ  ва гузаронидани  маҷлиси  Шӯрои нозирони  он мебошад, ки  бо  қарори  Ҳукумати  ҷумҳурӣ таъсис  ёфтааст. Мухбири  АМИТ «Ховар»   хабар  медиҳад, ки дар  маҷлиси  Шӯрои нозирон  ҳисоботи  директори  генералии  Ҷамъияти  саҳҳомии  НБО «Роғун» Нурулло  Шулашов  шунида шуд. Вай  зикр намуд, ки  имрӯз  дар  сохтмони  нерӯгоҳ тақрибан  7  ҳазор  коргару  мутахассис  кор  мекунад. Дар  майдони  сохтмони нерӯгоҳ  600 ҳазор  метри  мукааб  бетон  рехта  шуд, то  даҳрӯзаи  аввали   моҳи  март  дар  ин  ҷо  1000  метри  мукааб  бетон рехта  хоҳад  шуд. Дар  маҷлис  нақшаи   иҷрои  корҳои  сохтмонӣ  дар  соли  2010  ва тартиби   маблағгузорӣ  ба  сохтмони  нерӯгоҳ  муайян  карда шуданд.

Февраль 23, 2010 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад