«ЧАРОҒИ УММАТ» ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ.
Восеъ, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — «Шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Восеъ дорои 30 китобхона буда, 117 ҳазору 64 нусха китоб дар онҳо захира гардидааст», — гуфт мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Восеъ Субҳон Раҷабов ва афзуд, ки «соли сипаригардида китобхонаҳои ноҳия аз ҳисоби идораи фарҳанги вилоят бо 514 нусха ва аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо 7440 нусха китоб таъмин шудаанд». Мувофиқи суханони С.Раҷабов бо ташаббуси соҳибкорони ноҳия 4 бинои китобхона дар соли ҷорӣ сохта ба истифода дода мешавад. Дар назди шӯъбаи фарҳанги ноҳия театр — студияи «Аҷам», гӯруҳҳои эҷодии «Сеҳрангез», «Лабханд», дастаи тарона ва рақси «Чашма», гӯруҳҳои оилавии «Фалаки Маҳмадсафар» фаъолият менамоянд, ки айни ҳол намоишномаҳои «Чароғи уммат» ва «Тавҳид» — ро таҳия мекунанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






