ДАР АФҒОНИСТОН ОДАМОН ЗЕРИ БАРФ МОНДАНД

Февраль 15, 2010 16:00

Кобул,  15  феврал. (АМИТ «Ховар – РИА «Новости»). – Сардори   хадамоти таъмини  амнияти  роҳҳои  мошингарди  Афғонистон генерал Раҷаб ба  журналистон  хабар  дод, ки  роҳи  асосии   мошингарди  мамлакат  ба  воситаи  ағбаи  Соланг боз  бар  асари  боридани  барфи  зиёд  ва  фуромадани  тарма  баста  шуд. Генерал  зикр намуд, ки  ҳаракати  нақлиёт  дар   ағбаи  Соланг   шоми  рӯзи  якшанбе  манъ  карда шуда буд. Вале  гурӯҳи  калони  ронандагони  бемасъулият ғавчӯби  посгоҳи   кормандони  политсияи  роҳбонро   шикаста,  талаботи онҳоро  ба  инобат нагирифта,  бо  роҳи  ағбаи  Соланг  ҳаракат  карданд. Ҳамон  вақт  дар  роҳи мошингарди  ағбаи  Соланг  дар  якчанд  ҷой  тарма  фаромада,  садҳо  мошини  сабукрав,  автобусҳо ва  мошинҳои боркашро  пахш  намуд.  Корҳои наҷотдиҳӣ  дар  ағба   ду рӯз боз  давом  доранд. То  имрӯз  аз  зери  барфу тарма  қариб  200  ҷасад ёфт  шуд. Рӯзи  гузашта  қариб  3000  нафар  аз  иҳотаи  барфу тарма  бароварда  шуд,  гуфт генерал  Раҷаб.   

Февраль 15, 2010 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад