ДАР ДОНИШГОҲИ АБӮАЛӢ СИНО ГӮШАИ ТАМАДДУНИ ЭРОН КУШОДА ШУД

Февраль 6, 2010 12:38

Душанбе, 6 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гӯшаи фарҳанг ва тамаддуни Эрон кушода шуд. Гӯшаи мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвари дӯсту бародар ва тавсеаи робитаҳо дар бахши тиб ифтитоҳ гардида,  он бо комютерҳо, адабиёти илмию бадеӣ, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар маросими ифтитоҳи гӯшаи мазкур Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии  Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳури Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ва ҳайати намояндагони илму фарҳангии Эрон таҳти роҳбарии муовини роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти ин кишвар Муҳаммадалии Зӯҳраӣ иштирок намуда,  ифтитоҳи ин гӯшаро қадами устуворе дар тавсеаи робитаҳои илмию фарҳангии миёни ду кишвар арзёбӣ намуданд. Ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов роҷеъ ба нақш ва мақоми донишгоҳ дар тайёр  намудани мутахассисони соҳаи тиб ибрози назар карда, гуфт, ки сол аз сол донишгоҳ дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодааст. Мавсуф гуфт, ки тӯли солҳои охир Донишгоҳ ҳамкории мутақобилан судмандро бо донишгоҳҳои тиббии кишварҳои гуногуни ҷаҳон, бахусус Эрон дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст. Далели ин табодули ҳайатҳо ва таҳсили донишҷӯёни эронӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст. У. Қурбонов афзуд, ки алҳол дар Донишгоҳи ба номи Абӯалӣ ибни Сино 20 нафар донишҷӯёни эронӣ таҳсил менамоянд. Сафири Эрон дар Тоҷикистон доир ба тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаи тандурустӣ ибрози назар карда, афзуд ки ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе се бемористон барои табобати чашм, гурда ва табобат бо роҳи лазер ба фаъолият шурӯъ менамояд. Дипломти эронӣ инчунин, аз роҳбарияти донишгоҳ тақозо кард, ки як ҳайати 25 нафараи устодону мутахассисони донишгоҳро ҷиҳати боздид аз намоишгоҳи «Китоби Теҳрон», ки моҳҳои наздик баргузор мешавад, омода созад.

Февраль 6, 2010 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад