ДАР ФАЙЗОБОД МАРКАЗИ НАВИ САЛОМАТӢ БА МАБЛАҒИ 600 ҲАЗОР СОХТА МЕШАВАД
Файзобод, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).Тавре, ки сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод Кароматулло Шарифов ба хабарнигори АМИТ»Ховар» иттилоъ дод,соли 2009 дар соҳаи тандурустӣ як қатор навгониҳо ба амал омад. Шӯъбаҳои бемориҳои сироятӣ, кардиологӣ ва озмоишгоҳи беморхонаи марказӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуд, ки ин 600 000 сомониро ташкл дод. Кушодани шӯъбаи кардиологӣ ва диабети қанд дар дохили шӯъбаи муолиҷавии беморхонаи марказӣ, таъмири шӯъбаҳои ҷарроҳи ва кӯдакона низ ба маблағи 35000 ҳазор сомонӣ бо дастгирии раиси ноҳия Абдулло Ҳакимов дар арафаи анҷомёбист. Сардухтӯр афзуд, ки соли 2010 сохтмони маркази саломатӣ ба маблағи 600000 сомонӣ оғоз гардид ва ин албатта баҳри беҳбудии саломатии мардум дар ноҳия иқдоми некест. Бояд гуфт, ки ин аввалин иншоотест, ки дар оғози сол сохтмончиён ба ӯҳда гирифтаанд ва дар оянда сохтмону аз навбарқарорсозӣ давом дорад, гуфт К. Шарифов.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






