ДАР КӮЛОБ САФИ БЕКОРӢ КАМ МЕГАРДАД

Февраль 9, 2010 14:56

Кӯлоб, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — «Дар давоми соли гузашта Раёсати  Агентии  давлатии  ҳифзи  иҷтимоӣ,  шуғли  аҳолӣ ва  муҳоҷирати  минтақаи Кӯлоб  дар  ҳамкорӣ  бо  шӯъбаҳои  кор  бо  ҷавонони  шаҳру  ноҳияҳо  ва  кордиҳандагон  95 ярмаркаҳои  ҷойҳои  кори  холӣ  ва  вазифаҳои  озод  гузарониданд,  ки  дар  онҳо 892  корхона  иштирок  намуда,  19718  ҷойҳои  кори  холӣ ва  вазифаҳои  озод  пешниҳод  шуда буд», — гуфт  сардори  Раёсати минтақаи Кӯлоб Сайдаҳмад  Пириев. Ба  гуфти  ӯ  тавассути  ин  ярмаркаҳо 431  нафар  ба  касбомӯзӣ, 557  нафар ба  корҳои  ҷамъиятӣ ва 738  ба  кори  доимӣ  таъмин  шуданд. Ҳамчунин,  158  нафар  шахсони  эҳтиёҷманд, ки  дар  бозори  меҳнат ба  мисли  дигарон  рақобат  карда   натавонистанд,  дар  ҳамкорӣ  бо  мақомоти  иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  шаҳру  ноҳияҳои  минтақа  ба  кор  таъмин  шуданд, ки   ба 73,5 %  -и  нақша  баробар   мебошад. Гузаронидани  чунин  чорабиниҳо  ба  паст  намудани  сатҳи  бекорӣ  мусоидат  менамояд — гуфт  Сайдаҳмад  Пириев.            

Февраль 9, 2010 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад