ДАР ПОКИСТОН ОДАМОН ЗЕРИ БАРФ МОНДАНД
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Тибқи хабарҳои расида, дар яке аз деҳаҳои қисмати шимолу ғарбии Покистон бар асари боридани барфи зиёд зиёда аз 50 нафар зери барф монда, ҳалок шуданд ё бе ному нишон гардиданд. Хабар дода мешавад, ки тамоми биноҳои деҳаро қабати ғафси барфу тарма зер кардааст. Наҷотдиҳандагон аз зери барф 38 ҷасад ёфтанд. Ҷустуҷӯи 14 нафар сокини боқимондаи деҳа давом дорад. Эҳтимоли зинда ёфтани онҳо торафт камтар мегардад. Одатан, фасли зимистон дар бисёр минтақаҳои кӯҳистони қисмати шимолии Покистон барфу тарма деҳаҳои зиёдеро пахш менамояд. Фасли баҳори гузашта дар вилояти Кашмир 24 сокини маҳаллӣ дар зери тарма ҳалок гардида буд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






