ДАСТ БА КИСА ЗАДУ БА ДАСТ АФТОД
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, 9 феврали соли ҷорӣ шаҳрванд Шамсиддин Қамариддинов дастгир карда шуд. Ҷинояткор дар боғи «Дӯстии халқҳо» воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ ба тариқи ошкоро аз кисаи шаҳрванд як адад телефонии мобилии тамғаи «Нокиа – 2600», ки арзишаш 335 сомонро ташкил медод, гирифта аз ҷои ҳодиса ғайб зад. Дар натиҷаи ташкил додани кофтукови фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояткор дастгир карда шуд. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






