ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ЭРОН ТАҲСИЛ МЕКУНАНД

Февраль 16, 2010 14:47

Душанбе,  16  феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  Дирӯз, 15  феврал  дар  зимни  мулоқоти  вазири  маорифи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Абдуҷаббор  Раҳмонов  бо ректори  Донишгоҳи  озоди  исломии  Эрон  Ҷосиб  Абдулло  дар  бораи  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  маориф  созишнома  имзо  шуд.  Мувофиқи  созишнома   омӯзгорон,  аспирантҳо  ва  донишҷӯёни Тоҷикистону  Эрон  барои  иваз  кардани таҷриба ва таҳсил  ба  мамлакатҳои  ҳамдигар  фиристода,  дар  Тоҷикистон  филиали Донишгоҳи  озоди   исломии   Эрон  ва дар Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон Маркази илмҳои  табиатшиносӣ   кушода  хоҳанд  шуд. Ҷосиб Абдулло инчунин  бо  раисони  Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон  ва  Донишгоҳи  технологии  Тоҷикистон  мулоқот  анҷом  дод. Паймон карда шуд, ки  Донишгоҳи  озоди  исломии Эрон  дар  давоми  5  соли  оянда  ҳар  сол барои  донишҷӯёни тоҷик  10 ҷой  ҷудо  менамояд.  Донишҷӯёни тоҷик дар  ин  ҷо  ихтисосҳои  тиббӣ,  энергетикӣ,  техникӣ  ва   кишоварзиро  меомӯзанд. Донишгоҳи озоди исломии  Эрон яке аз  мактабҳои  калонтарини олии  ин  мамлакат  буда,  дар  он бештар аз 160  ихтисос омӯхта мешавад. Донишгоҳи  мазкур дар  мамлакатҳои  хориҷӣ  5  филиал  дорад.

Февраль 16, 2010 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад