ДОРУ БАРОИ ТАБОБАТИ ЗУКОМИ ХУК
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Созмони Ҷаҳонии Саломатӣ ба Тоҷикистон барои табобати бемории зукоми хук 50 ҳазор қуттӣ доруи «Тамифлю» фиристод. То охири моҳи феврал боз 50 ҳазор воя доруи мазкур ба Тоҷикистон ворид карда мешавад. Маблағи умумии дору барои табобати ин бемории хавфнок 575 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дору аллакай дар байни муассисаҳои табобатии мамлакат тақсим карда шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






