ФУРӮШИ САҲМИЯҲО ДАР БОЗОРИ «БАРАКАТ»

Февраль 23, 2010 16:51

Душанбе,  23  феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). —  Ҷамъияти  саҳҳомии  «Бонки  рушди  Тоҷикистон» имрӯз   дар  бозори  «Баракат»  фурӯши  саҳмияҳои  НБО «Роғун» — ро ташкил  намуд.  Бояд  гуфт, ки  бонки  мазкур   дафъаи  чорум   фурӯши  саҳмияҳои  НБО «Роғун» — ро  дар   маҳалҳои  серодам  ва  бозорҳои  пойтахт  ташкил  менамояд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   имрӯз  дар  ҷараёни  маърака  дар  бозори  «Баракат»  ба  маблағи  бештар  аз  200  ҳазор  сомонӣ саҳмия  фурӯхта   шуд. Ҳадафи  гузаронидани  чунин  маъракаҳо  сарфа  кардани  вақти  соҳибкорону  тоҷирон  ва  кормандони  бозорҳо  мебошад. Ҷамъияти  саҳҳомии  «Бонки рушди  Тоҷикистон» то 20  феврал  аз  ҳисоби  фурӯши  саҳмияҳо  ва  сертификатҳои  Ҷамъияти  саҳҳомии  НБО «Роғун»  2  миллиону  236  ҳазору  400  сомонӣ   ҷамъ  овард.

Февраль 23, 2010 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад