ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК ҒАЛАБА МЕКУНАНД Ё НЕ?
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи байналхалқӣ барои ба даст овардани Ҷоми имтиёзи Конфедератсияи футболи Осиё имрӯз бо соҳибони майдон — футболбозони дастаи мунтахаби Шри – Ланка қувваозмоӣ хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки футболбозони Тоҷикистон ва Шри – Ланка дар қувваозмоии нахустин бозиро бой дода буданд. Роҳбари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Пӯлод Қодиров изҳор намуд, ки футболбозони тоҷик ҳанӯз имконияти ба мусобиқаҳои ниманиҳоӣ роҳ ёфтанро аз даст надодаанд. Барои ин танҳо ғалаба кардан лозим аст. Бояд гуфт, ки яке аз бозингарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз мусобиқа хориҷ карда шудааст. П.Қодиров зикр кард, ки бо ҳамин сабаб ба ҳайати даста тағйирот ворид карда шуд. Роҳбари дастаи мунтахаби Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки футболбозон дар қувваозмоиҳои навбатӣ пирӯз хоҳанд гашт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






