ГУРӮҲҲОИ МУШТАРАКИ ЗУДАМАЛИ ТАФТИШОТИИ ИДМ

Февраль 1, 2010 10:18

Душанбе, 1  феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  2 – 3  феврал  дар  шаҳри  Минск  маҷлиси  гурӯҳи  коршиносони  мамлакатҳои  ИДМ  баргузор  мегардад. Дар он  лоиҳаи Созишномаи  тартиби  ташкил ва  фаъолияти  гурӯҳҳои  муштараки   зудамали  тафтишотӣ  дар   қаламрави  давлатҳои  аъзои  ИДМ муҳокима  ва  мувофиқа  карда  мешавад. Гурӯҳҳои  мазкур  дар  қаламрави  мамлакатҳои  алоҳида  ё  якчанд  мамлакат барои  тафтиши  ҷиноятҳои  хаҷман  калон, ки  гузаронидани  ҳаҷми  бештари  амалиёти тафтиш ва  ҷустуҷӯиро талаб  менамоянд, ташкил  карда  хоҳанд шуд. Лоиҳаи  созишнома  мувофиқ  намудани  фаъолияти   мақомоти  салоҳиятдори  мамлакатҳои  ИДМ – ро дар  масъалаи  тафтиши   парвандаҳои  ҷиноӣ,  осонтар  сохтани  ҷараёни  ҳамкорӣ,  муҳайё  сохтани  шароит  барои   мубодилаи  таъҷилии  маълумот,  дастраси  ҳамдигар  гардонидани  маълумот дар  бораи  тафтиши  парвандаҳои  ҷиноӣ,  ба  нақша  гирифтани   амалиёти тарафҳо  ва  ба  роҳ  мондани тафтиши  парвандаҳои  ҷиноӣ  дар  мамлакатҳои  алоҳида, ҳалли  масъалаҳои  вобаста ба  нигоҳ  доштан  ва   дастраси  ҳамдигар  гардонидани  далелҳои шаъӣ,  иҷро  намудани  дастурҳо барои ташкили  тафтиш,  ҳамкорӣ  зимни  гузаронидани   мурофиаҳои  судӣ  ва тадбирҳои  дигар  дар  қаламрави  мамлакатҳои  ИДМ ва  ғайраро  пешбинӣ  менамояд. Дар  ин  бора  аз  дафтари  матбуоти  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.

Февраль 1, 2010 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад