ХАБАРНИГОРИ «ХОВАР» 55 СОЛА ШУД!
Мӯҳтарам Самад Юсуфӣ Шӯъбаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шуморо ба муносибати шукуфтани 55-умин баҳори умратон сидқан шодбош мегӯяд, бароятон саломатӣ, умри дароз, бахту саодат ва пирӯзиҳои оилавӣ орзу мекунад. Меҳр бастан ба журналистика, хосатан, даст доштани фотожурналистика бароятон, албатта, бахти баланд аст. Зеро Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Кировро хатм карда, бист сол ба толибони илм дарс гуфтан, якбора роҳ овардан ба хабарнигорӣ ва ба он комёб шудан нишони ҳамон меҳр ва ҳамон бахт аст. Барои раёсати шӯъба пӯшида нест, ки Шумо ба шарофати дониши чуқур ва шавқи дарсгӯӣ, тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ба унвони Муаллими дараҷаи олӣ расидед, дар кафедраи забони тоҷикии бахши Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд кор карда, чун сармуаллим баҳо гирифтед. Аммо ҳамон орзуе, ки дар дил мепарваридед, Шуморо ба соҳаи журналистика овард. Навиштаҳо, махсусан, аксҳои бардоштаатон тариқи нашрияҳои «Нилуфар», «Саломат бошед», «Сухани халқ», «Лочин» пайваста интишор меёфтанд. Аз соли 2007-ум бошад, хабарҳои тозаи расонда ва аксҳои бардоштаи Шумо бо имзои хабарнигори АМИТ «Ховар» рӯи чоп мебинанд. Пас, метавон гуфт, ки зина ба зина сабзидед ва муҳимаш, дар ҳақиқатнигорӣ бештар омил шудед. Мо аз он шодем, ки хидматҳоятон дар ривоҷи фотожурналистика қадр мегарданд ва ин албатта, боиси рӯҳбаландӣ, ба мавзeъ бо диди тоза нигаристан, дар ҷодаи ҳақиқатнигорӣ бештар муваффақият пайдо кардану сазовори унвони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» гардидани Шумо бишуд. Бо мавлуди шарифатон табрик гуфта, умед мекунем, ки фаъолиятатон дар нигориш назаррастар ва ба шарофати таъмини инъикоси воқеаҳои муҳимтарини ҳаёти халқ рӯшану диданӣ мешаванд. Зодрӯз муборак! Раёсати шӯъбаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад






