ХУҶАНДИҲО БА 20-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ИМРӮЗ ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

Февраль 3, 2010 11:25

Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 9 сентябри соли 2011-ум ба вуқӯъ мепайвандад, дар маркази вилояти Суғд торафт суръат мегиранд.             Тибқи як қарори махсуси раиси шаҳри Хуҷанд корхонаю ташкилот ва муассисаҳои қаламрави шаҳр вазифадор гардидаанд, ки барои таҷлили сатҳи баланди ҷашни Истиқлол ба корҳои ободонӣ вусъати ҳамаҷониба бахшида, бо истифода аз манбаъҳои мавлағгузорӣ сохтмони иншооти таъйиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоию фарҳангиро ба нақша гиранд. Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати тарғиби дастовардҳои солҳои Истиқлол, фазои сулҳу осоиш ва меҳнати садоқатмандонаи коркунони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, ба хотири рушд ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар вуҷуди мардумон парваридани ҳисси баланди ватандорӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва  ҳуввияти миллӣ, тадбирҳои мушаххас андешанд.

Февраль 3, 2010 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад