ИНТИҚОЛГАРИ ГЕРОИН ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 17 феврали соли ҷорӣ дар ошхонаи «Эҳсонҷон» воқеъ дар ноҳияи Б. Ғафуров шаҳрванд Фируз Давлатмаҳмадови 33 сола истиқоматкунандаи шаҳри Чкаловски вилояти Суғд дастгир карда шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҷинояткор Ф. Давлатмаҳмадов ғайриқонунӣ маводи нашъадори сахттаъсири героинро интиқол медод. Ташхис нишон дод, ки вазни умумии он 1 кг 15 гр ташкил медиҳад. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд. Тафтишот идома дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






