ИСТЕҲСОЛИ 239,9 МЛН. СОМОНӢ МОЛҲОИ САНОАТӢ
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикис тон дар моҳи январи соли 2010 ба маблағи 150,9 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 15, 6 фоиз зиёд аст. Дар корхонаҳои коркарди пахта бошад, дар моҳи январи соли ҷорӣ ба маблағи 62,8 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 15,1 фоиз зиёд мебошад. Корхонаҳое, ки дар ҳайати вазорату идораҳои ҶТ дохил нестанд дар давоми як моҳи соли 2010 ба маблағи 239,9 млн. сомонӣ молҳои саноатӣ истеҳсол карданд. Дар ин муддат дар корхонаҳои саноатии ВМКБ ба андозаи 3 млн.291 ҳазор сомонӣ, вилояти Суғд – 105 млн. 853, вилояти Хатлон – 177 млн. 820, шаҳри Душанбе – 41 млн. 196 ва НТҶ ба мқдори 224 млн. 704 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






