ИТТИҲОДИ АВРУПО БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВАНҶ КӮМАК МЕРАСОНАД

Февраль 3, 2010 09:39

Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова). — Комиссияи Аврупо барои ҷудо кардани 42,080 ҳазор евро ба сокинони зарардидаи ноҳияи Ванҷ қарор қабул кард. Ёдовар мешавем, ки 2 январи соли ҷорӣ заминларзаи сатҳи миёна  ин ноҳияи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро ба ларза даровард. Дар натиҷа мавзеъҳои Ускроғ, Пунчиҷӯгунӣ, Панҷшанбеобод ва маркази маъмурии ноҳияи Ванҷ, зиёда аз 1000 хонаи истиқоматӣ зарар диданд. Зиёда аз 100 хона пурра хароб гардида 640 нафар сокинон шароити оддитарини зистро аз даст доданд, 920 хонаи истиқоматӣ қисман хароб шуда, айни ҳол ба таъмири асосӣ муҳтоҷ доранд. Тавре ба АМИТ «Ховар», аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо иттилоъ доданд, кӯмаки мазкур барои харидории хаймаҳои гарм, асбобҳои барои сохтмон зарурӣ, бел, зоғнул, брезент, курпа, тагсарӣ, ҷойпӯши хоб, лавозимоти хӯрокпазӣ, зарфи обгирӣ ва дигар маводи беҳдоштӣ сарф карда мешаванд. Ҳамчунин кӯмаки тиббӣ-равонӣ низ ба зарардидагони ин офати табиӣ расонида мешавад. Кӯмаки башардӯстона ба воситаи ҷамъияти Салиби Сурх, ки бо дастгирии молиявии Бунёди расонидани кӯмак дар вазъияти фавқулодда (DREF) -и Федератсияи байналмиллии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар расонида хоҳад шуд (IFRC).  

Февраль 3, 2010 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад