ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОН ВА АМВАОМТ

Февраль 24, 2010 13:55

Душанбе,  24  феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Иттифоқи  журналистон  ва Анҷумани  миллии воситаҳои  ахбори оммавии мустақили  Тоҷикистон 23  феврал  дар  масъалаи   таъқиби  журналистон  вобаста ба  фаъолияти  касбии  онҳо изҳороти  муштарак  дарҷ  намуданд. Дар  изҳороти  муштараки раиси  Иттифоқи  журналистон  Акбаралӣ  Сатторов  ва  раиси  Анҷумани  миллии воситаҳои  ахбори  оммавии мустақили  Тоҷикистон  Нуриддин  Қаршибоев  изҳори ташвиш  карда  мешавад, ки  журналистон  дар  аксари  мавридҳо  барои  истифодаи  ҳуқуқашон  барои озодии  ақида таъқиб  карда  мешаванд. Ин  ба  меъёрҳои  ҳуқуқи  миллӣ ва  байналмилалӣ  комилан  мухолиф  мебошад. Дар  изҳорот   гуфта  мешавад, ки   гурӯҳи  шахсони номаълум  узви  Иттифоқи  журналистон   Маҳдӣ  Собировро  барои   навиштани  мақола  дар  бораи   ислоҳоти артиш  таҳти  унвони «Саркашӣ  аз  хизмати  сарбозӣ»  дар  ҳафтаномаи «Дунё»  аз  22  октябри  соли  2009 ва  пурсиши  ақидаи  коршиносон  дар  ҳафтаномаи  «Озодагон» аз  29  октябри  соли  2009 дар  давоми  се  моҳ  таъқиб   менамояд. Як моҳ  пеш  журналисти  дигар,  мухбири   радиои «Озодӣ»  Абдулмӯъмин  Шерхонов  ҳадафи таҳдид  ва таъқиби  комиссари  ҳарбии  ноҳияи  Восеъ  Искандар  Назаров  қарор  гирифта буд. А.Шерхонов  дар  ҳафтаномаи  «Миллат»  дар бораи  ҳалокати   хизматчии  ҳарбӣ   Комрон  Тешаев  мақола  чоп  кардааст.  Сабаби таъқиби  журналист  аз  ҷониби  комиссари  ҳарбӣ  ҳамин  мақола  мебошад. Маҳдӣ  Собиров  ва  Абдулмӯъмин  Шерхонов  ба  созмонҳои журналистӣ ва ҳифзи  ҳуқуқ  муроҷиат  карда,  зикр  менамоянд,  ки  вобаста ба  таъмини  бехатарӣ  ва  саломатии   наздиконашон  ба ташвиш  афтодаанд. Иттифоқи  журналистон ва Анҷумани  миллии воситаҳои  ахбори  оммавии мустақили  Тоҷикистон дар  робита  Прокуратураи  генералӣ  ва  мақомоти  дигари  салоҳиятдори   муҳофизи  қонуни  ҷумҳуриро   даъват  менамоянд, ки  воқеаҳои  зикргардидаро   ҳадафи тафтиш  қарор  диҳанд.

Февраль 24, 2010 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад