КӮДАКОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Толиб Ҳаётов иттилоъ дод, чун ҳарвақта оташбозии кӯдакон сабаби сар задани сӯхтор мешавад. Чунончӣ, 17 феврали соли ҷорӣ дар манзили истиқоматии Каримбой Муродови 83 сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд набераи соҳибхона Мазбутҷон Муродови 3 сола оташбозӣ карда, сабаби ба амал омадани сӯхтор гашт. Алангаи оташ дар масоҳати 18 метри мураббаъ паҳн шуда қисман масолеҳи чӯбин ва ҳезумро сӯхта нобуд гардонд. Бо қабули бонги хатар гурӯҳи оташнишонони қисми 36 -и ноҳияи мазкур ба зудӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ оташнишонон ба маблағи 13 ҳазору 500 сомонӣ амволи соҳибхонаро аз нобуд шудан нигоҳ доштанд. Зарари аз сӯхтори ба амал омада 575 сомониро ташкил медиҳад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






