КОРТҲОИ НАВИ ПУЛГИРӢ
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). — Ҷамъияти саҳҳомии Бонки «Эсхата» ҳамроҳи Ҷамъияти саҳҳомии «Рукард» — и Федератсияи Русия дар доираи барномаи пардохти ғайринақдии пул ба паҳн намудани кортҳои нави пулгирӣ дар дохили мамлакат шурӯъ намуд. Корманди масъули Бонки «Эсхата» Дилшод Неъматов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки истифодаи кортҳои нави пулгирӣ мақом ва қурби пули миллии сомониро баланд бардошта, ба коргарони корхонаю муассисаҳо имкон медиҳад, ки музди кор ва маоши худро бе ягон мамониат дар вақти дилхоҳашон гиранд. Бонки «Эсхата» то имрӯз бо чор корхонаи калони саноатии вилояти Суғд барои тайёр кардан ва додани кортҳои пулгирӣ қарордод имзо кардааст. Д.Неъматов зикр кард, ки кортҳои нав барои гирифтани пул танҳо дар дохили мамлакат истифода бурда мешавад. Дар ин маврид проблемаҳои марбут ба тағйир ёфтани қурб ва арзиши пул аз байн мераванд. Афзалияти дигари кортҳои мазкур ҳамин аст, ки маблағи музди кор ва маош дар муддати кӯтоҳ ба суратҳисоби соҳибони онҳо гузаронида мешаванд ва кортҳои нав барои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ дастрас мебошанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






