МУБОРИЗАИ 37 НАФАР ДАР СУҒД БАРОИ КУРСИИ ПАРЛУМОНӢ

Февраль 10, 2010 11:53

Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 9 феврал бақайдгирии номзадҳо барои интихоботи парлумонӣ дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба охир расид. Аз комиссияҳои ҳавзаи якмандатии ҷумҳуриявии дар ҳудуди вилояти Суғд ҷойгирбуда ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз 13 ҳавзаи интихоботии воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 37 нафар номзад ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин теъдод номзадҳои пешбаришуда, 20 нафарашон аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон 13 нафар, аз  Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 3 нафарӣ, аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон 2 нафар ва аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон як нафар ба ҳайси номзад ба вакилӣ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботи ҳудуди вилоят ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд. 15 нафари дигар бошанд, тариқи худпешбарӣ номнавис гардида, аз ҳавзаҳои вилоятии интихобот ба Маҷлиси ваклони халқи вилояти Суғд дар маҷмӯъ 159  нафар номзад ба қайд гирифта шудааст.

Февраль 10, 2010 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад