МУЛОҚОТ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Чанд рӯз пеш дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисрав бо кӯмаки намояндагии созмони байналмилалии низоми интихобот дар Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ мулоқоти номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ бо омӯзгорону донишҷӯён ва сокинони маҳаллӣ баргузор гардид. Намояндагони ҳамаи 8 ҳизби сиёсии мамлакат ба ҷамъомадагон дар бораи барномаҳои пешазинтихоботии худ маълумот доданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин мулоқот хусусан номзадҳои Ҳизби Халқии Демократӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби коммунист ва Ҳизби сотсиал — демократии Тоҷикистон фаъол буданд. Онҳо ба ҳозирон теъдоди бештари маводи таблиғотӣ пешниҳод намуда, ба саволҳои онҳо ҷавоб доданд. Мулоқоти навбатӣ бо номзадҳои вакилони Маҷлиси намояндагон 12 феврал дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






