МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО САФИРИ ИНДОНЕЗИЯ

Февраль 26, 2010 09:48

Душанбе,  26  феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). — Вазири  корҳои  хориҷии  ҷумҳурӣ  Ҳамрохон  Зарифӣ  25 феврал бо  сафири  Ҷумҳурии  Индонезия  дар  Тоҷикистон Шаҳрил  Сабаруддин бо  сабаби  ба  охир  расидани   мӯҳлати  хизматаш  дар  Тоҷикистон  мулоқот  кард. Зимни  сӯҳбат  вазъи  имрӯза ва  нақшаҳои  дурнамои  муносибатҳои  дуҷонибаи   Тоҷикистону  Индонезия  муҳокима  шуданд.  Мусоҳибон  инчунин  роҷеъ ба  маҷлиси  қарибулвуқӯи  Шӯрои  вазирони   корҳои  хориҷии  давлатҳои  аъзои  Созмони   конфронси  исломӣ  табодули  назар  намуданд. Ҳамрохон Зарифӣ  дар  фарҷоми  мулоқот  ба  Шаҳрил  Сабаруддин  барои  саҳми  калонаш дар  равнақу  ривоҷи  муносибатҳои  дуҷонибаи  Тоҷикистону  Индонезия   изҳори  сипос  карда,  ба  ӯ  дар  корҳои  ояндааш  муваффақият  орзу  намуд.

Февраль 26, 2010 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад