МУЛОҚОТИ НОМЗАДҲО БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Февраль 15, 2010 10:49

Душанбе,  15  феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  12  феврал  дар  Маркази  ҷавонони  шаҳри  Хуҷанд   мулоқоти  навбатии  намояндагони  ҳамаи  ҳизбҳои  сиёсӣ бо  интихобкунандагон баргузор  гардид, ки номзади  вакилони   Палатаи  поёнии  парлумони  мамлакат  пешбарӣ  шудаанд.  Мулоқот  бо ташаббуси  Созмони  байналмилалии  интихобот   баргузор  гардид. Дар  мулоқоти  мазкур   намояндаи  Комиссияи  марказии  интихобот  ва  раъйпурсӣ Муҳибулло Додоҷонов  иштирок  дошт. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  интихобкунандагон  баъди  анҷоми  қисмати  расмии  мулоқот  бо  номзадҳо  бевосита ҳамсӯҳбат  шуданд. Мулоқоти  хотимавии   намояндагони  ҳизбҳои  сиёсии  мамлакат бо  интихобкунандагон   20  феврал  дар  бинои  Иттифоқҳои  касабаи   мустақили  Тоҷикистон  баргузор  мегардад.

Февраль 15, 2010 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад